Намояндагони идораи ҷангал дар минтақаи Кӯлоб барои шикори гург ҷоиза эълон намудаанд ва шикори хукро бемаҳдуд кардаанд. Саршумори ин ҷонварон аз 5 ба 7 ҳазор сар расидааст.
Агар шаҳрвандон як хукро шикор кунанд барояшон имкони шикори як гург дода мешавад. Пӯст ва нохуни гургро оварда ба идораи ҳифзи муҳити зист месупоранд ва 70-80 сомонӣ туҳфа мегиранд.
Ин тасмим дар пайи шикояти сокинон гирифта шудааст, ки гургҳо ба чорвояшон ҳамла мекунанд ва галаи хукҳо киштзорҳояшонро хароб кардаанд. Одатан тирамоҳ ҷангалбонҳо саршумори тахминии ҷонваронро эълон менамоянд. Дар минтақаҳои кӯҳӣ ҷангалбонҳо се ҳазор бузи нодири морхур ҳисоб кардаанд. Онҳо тахмин мекунанд, ки шумораи кабк ба 16 ҳазор расидааст. Сабаби афзоишро дар кам шудани шикори ғайриқонунӣ меҳисобанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь