Кам будани маблағ кори китобхонаҳоро дар Кӯлоб мушкил ва дӯстдорони китобро аз дастрасӣ ба адабиёти нав маҳрум намуд.
Пули ваъдагӣ барои хариди китобҳои нав ба дасти китобдорон нарасид, то рафҳои китобхонаро бо китобҳои наву хонданӣ пур кунанд.
Ду китобхонаи вилоятӣ дар минтақаи Кӯлоб пул надоштаанд, ки китобҳои нав харанд. Қарор буд, мақомот дар соли 2025 ба онҳо 16 ҳазор сомонӣ диҳанд, вале ҳамагӣ се ҳазор сомонӣ расид. Сарнавишти пулҳои боқимонда маълум нест.
Абдураҳим Одинаев, мудири Раёсати фарҳанги минтақаи Кӯлоб изҳор дошт: “Шаш ҳазор сомонӣ аз Китобхонаи бачагона буд. Се ҳазор сомониашро гирифтаанд, се ҳазори дигарашро не. Дар нақшаи Китобхонаи ба номи Садриддин Айнӣ 10 ҳазор сомонӣ буд, онро умуман гирифта натавонистанд.”
Масъулони китобхонаҳо гуфтанд, пуле, ки барои харидани китобҳои нав ҷудо мешавад, кам аст ва он ҳам саривақт дастрас намегардад.
Абдураҳим Одинаев илова кард: “Даҳ ҳазор–бист ҳазор сомонӣ ба китобхонаҳои вилоятӣ бисёр пули кам аст. Ин чӣ мешавад? Ҳозир як китоб аз 30 то 100 сомонӣ арзиш дорад.”
Китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ 80 ҳазор китоб дорад. Аз ин шумора 18 ҳазор ба забони тоҷикӣ ва боқимонда бо забони русӣ аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар умум 215 китобхона фаъол будааст.
Камбуди пул ва нарсидани китобҳои нав дар китобхонаҳои минтақи Кӯлоб дар рӯзҳое матраҳ мешавад, ки соли 2026 – ро дар вилояти Хатлон “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон кардаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь