Дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба соҳибкороне, ки ба фурӯши нон машғул ҳастанд, барои омода кардани нон ангишти ройгон дода шуд.
Аз МИМҲД шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилояти Хатлон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо ибтикори бевоситаи раиси шаҳри Кӯлоб ба соҳибкороне, ки ба истеҳсол ва фуруши нон машғуланд ангишт ба таври ройгон тақдим карда шуд.
Қайд гардид, ки ҳадаф аз пиёда намудани ин иқдом таъмини бозори дохилӣ бо нон ва бемамониат пушти сар намудани давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 мебошад.
Блоки рекламавӣ



