Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон то имрӯз 16 шаҳру ноҳияҳо пур аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта баромаданд. 25 ноябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар шаҳри Кӯлоб, дар маросими ҳавасмандгардонии хоҷагиҳои деҳқонӣ иштирок намуда, ба онҳо тӯҳфаҳо тақдим намуданд. Дурнамои истеҳсоли пахта дар ноҳия 6000 тонна муайян гардида, меҳнаткашони шаҳр ба санаи 25 ноябри соли 2025 – 6000 тонна тиллои сафедро ҷамъоварӣ намуданд, ки 100 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Дар байни 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакор то имрӯз 16 шаҳру ноҳия – Левакант, Бохтар, Дустӣ, Ёвон, Данғара, Вахш, Хуросон, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хусрав, Панҷ ва Кӯлоб пурра аз иҷрои дурнамои пахта баромадаанд. Дар ин бора аз Сарраёсати Агентии омори назди Презитденти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон иттилоъ дод.
Ба гуфти манбаъ то имрӯз ноҳияҳои Фархор – 66, Восеъ – 55 ва Ҳамадонӣ – 40 фоиз иҷрои дурнамои пахтаро иҷро кардаанд.
Гуфта шуд, ки соли ҷорӣ кишоварзони Хатлон дар майдони 108 ҳазору 265 гектар пахта кишт намуда, то имрӯз беш аз 258 ҳазору 934 тонна пахта ҷамъоварӣ карданд. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли гузашта 106 ҳазору 388 тонна зиёдтар мебошад.
Бояд зикр намуд, ки пахтакорони вилояти Хатлон аз иҷрои дурнамои солонаи ҷамъоварии ҳосили пахта рӯзи 5 ноябр мужда дода буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь