Консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия аз баргардонидани се ноболиғ ба Тоҷикистон хабар додааст.
Консулгарӣ бо пахши хабар дар ин бора, гуфтааст, ки бо мусоидати Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 23-юми октябр се нафар шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон, ки дар ҳудуди Руссия бепарастор монда буданд, ба ватан баргардонида шуданд.
Дар бораи шахсияти кӯдакону он, ки чӣ гуна онҳо бепарастор монданд, мақомот ҷузъиёте надодаанд.
Пештар ҳам мақомот чандин шаҳрванди ноболиғро, ки дар Руссия бесаробон монда буданд, ба ватан баргардонида буданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь