3 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Рустам Амакиеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии Кӯдакистони байналмилалии инноватсионии Басбиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Рустам Саидов бо маблағи 20 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2023 оғоз гардида, дар масоҳати 6700 метри мураббаъ бо сифати баланд бунёд шудааст.
Муассисаи тозабунёд аз ду бинои 4-ошёна ва таҳхона иборат аст ва дар он барои инкишофи зеҳнии кӯдакон ва бозиҳои гуногуни шавқовар шароити хуби таълим фароҳам оварда шуда, барои 600 кӯдак пешбинӣ гардидааст.
Тибқи иттилои масъулин, дар ин муассисаи томактабӣ кӯдакони аз синни 2 то 6 сола қабул гардида, бо 4 вақт хӯроки гарм таъмин мегарданд.
Омӯзишу парасторӣ дар он бо 3 забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳар як гурӯҳ 20 кӯдак амал мекунад, ки ба онҳо омӯзгорони пуртаҷриба дарс медиҳанд.
Муассисаи наву замонавӣ ҳамчунин барои рафту омади бехатари кӯдакон бо нақлиёт таъмин аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь