18 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои Муассисаи томактабии хусусии Кӯдакистони Арчаро, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна Ко”, ки ба таври инноватсионӣ бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Кӯдакистони инноватсионии Арча барои 500 кӯдак сохта шуда, дар маҳаллаи 7-уми шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз кард. Муассисаи нави томактабӣ бобати таъмини кӯдакон бо муҳити бехатар, инноватсионӣ ва устувори таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои шахсии оилаи Очиловҳо бунёд ёфтааст.
Баробари ба истифода додани боғча зиёда аз 40 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи корӣ ва маоши муносиб таъмин шуданд.
Низоми таълим дар муассисаи нави томактабӣ тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ буда, барои ба боғча расонидани кӯдакон се воситаи нақлиёти муосир харидорӣ шудааст. Теъдоди синфхона, ҳуҷраҳои хоб ва ёрирасон бошад, ба 25 адад мерасад. Толори варзишӣ барои кӯдакон ва ошхонаи муҷаҳҳазу барҳаво аз имкониятҳои дигари муассисаи таълимии томактабӣ мебошад.
Пас аз ифтитоҳи кӯдакистони нав Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ ба фаъолияти кӯдакистони “Азизи дилҳо” дар шаҳри Хуҷанд, ки аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Азизи дилҳо” бунёд шудааст, оғоз бахшиданд.
Иншоот дар масоҳати 36 садяк замин, дар ду ошёна аз тарафи соҳибкор Нигина Ибодуллоева бунёд шудааст ва дар он 120 кӯдак дар чор гурӯҳ ба тарбия фаро гирифта шудаанд. Таълим дар ин кӯдакистон бо се забон-тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Меҳрофарин бошад, дар шаҳри Хуҷанд кӯдакистони Донояк ба истифода дода шуд. Ин муассисаи томактабӣ барои 60 кӯдак пешбинӣ гардида, он аз се ошёна иборат аст. Таълим дар ин кӯдакистон ҳам бо се забон тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ мебошад.
Ифтитоҳи иншооти дигари соҳаи маориф, як кӯдакистон дар ноҳияи Айнӣ низ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи фосилавӣ сурат гирифт.
Кӯдакистони “Фаринӯш” дар ноҳияи Айнӣ дар доираи вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Томин ба истифода дода шуд.
Бинои нави кӯдакистон аз ду ошёна иборат буда, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми соҳибкорони ташаббускор ва шахсони саховатпешаи деҳа сохта шудааст.
Дар ҳамин рӯз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 маркази инкишофи барвақтии кӯдаконро, воқеъ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Сохтмони марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон дар назди муассисаҳои таълимии №23-и деҳаи Лангар, муассисаи таълимии №31-и деҳаи Сабағ ва муассисаи таълимии №10-и деҳаи Деҳманораи деҳоти Лангар, муассисаи таълимии №17-и деҳаи Ронч, муассисаи таълимии №11-и деҳаи Ғузн, муассисаи таълимии №32-и деҳаи Рогиф ва муассисаи таълимии №11-и деҳаи Рӯзи деҳоти ба номи Иван-Тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо сифати баланд анҷом дода шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь