Дастаи “Истиқлол” ва “Ал-Наср” шомили як гурӯҳ шуданд.

Дар марҳилаи қуръакашии Лигаи дуюми қаҳрамонҳои Осиё дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки Криштину Роналду, футболбози маъруфи пуртуғолӣ дар он бозӣ мекунад, дар як гурӯҳ қарор гирифтанд. “Истиқлол” ба ғайр аз “Ал-Наср” боз бо дастаҳои “Ал Завра”-и Қатар ва “Гоа”-и Ҳиндустон бозӣ хоҳад кард. Ин чор даста дар гурӯҳи “D” қарор гирифтанд.

Дар мавсими гузашта низ “Истиқлол” дар як гуруҳ бо “Ал Наср” буд, аммо Роналду дар бозӣ бо дастаи “Истиқлол” ширкат накард ва аслан ба Душанбе наомад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь