Ушаков: Мулоқоти Путин ва Трамп дар Анкориҷи Амрико соати 22:30 ба вақти Маскав оғоз мешавад.
“Мулоқоти Президентҳои Русия ва ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Анкориҷи Амрико соати 11:30 ба вақти маҳаллӣ (соати 22:30 ба вақти Маскав) оғоз меёбад” – гуфт ёвари Президенти Руссия Юрий Ушаков. Пешбинӣ мешавад, ки мулоқот фардо, 15 август, тақрибан соати 11.30 ба вақти маҳаллӣ бо сӯҳбати Владимир Владимирович Путин ва Доналд Трамп оғоз меебад. Ёвари Путин таъкид кард, ки омодасозии мулоқоти сарони ду давлат ба охир мерасад, Масъалаҳои зиёде, аз ҷумла додани раводид ҳал карда мешаванд. Масъалаи низоъ дар Украина мавзӯи марказии мулоқоти ду президент хоҳад буд. Гуфтушунидҳои васеъ дар ҳайати ҳайатҳо, ки дар формати 5 ба 5 ба нақша гирифта шудаанд. Инчунин, нишасти матбуотии муштараки Путин ва Трамп дар назар аст.