Сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков изҳор дошт, ки гуфтушунидҳо байни Русия, Украина ва ИМА боздошта шудаанд. “Гурӯҳи сеҷониба дар таваққуф аст”, – изҳор дошт Песков ба”Известия”.
Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Михаил Галузин инчунин ба нашрия хабар дод, ки санаи мушаххас ва ҷои мулоқоти нави намояндагони Русия, ИМА ва Украина ҳанӯз вуҷуд надорад.
Песков қайд кард, ки намояндаи махсуси президенти Русия “корашро идома медиҳад” ва бо ҷониби Амрико гуфтушунид мекунад.
Ҳамчунин, илова намуд ӯ, Русия ва Украина табодули асирону ҷасадҳои сарбозони кушташударо идома медиҳанд.
Даври охирини музокироти сеҷониба байни Русия, Украина ва ИМА дар Женева 17-18 феврал баргузор шуда буд. Интизор мерафт, ки ҷонибҳо бори дигар дар аввали моҳи март дар Абу-Даби мулоқот кунанд, аммо 28 феврал ИМА ва Исроил ба зидди Эрон ҳамларо сар карданд. Президенти Украина Владимир Зеленский дар мусоҳиба бо Bbc News, ки 18 март нашр шуд, гуфт, ки ҳарчанд мақомоти ИМА ба Эрон тамаркуз мекунанд, ҷониби Амрико бо иштирокчиёни музокироти Украина ва Русия тамос дорад. Дар баробари ин, ӯ таъкид кард, ки “дар бораи таъсири ин ҷанг ба вазъи Украина эҳсосоти хеле бад дорад” ва қайд кард, ки “мулоқотҳои сеҷониба доимо ба таъхир гузошта мешаванд”.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь