Кремл тасдиқ кард, ки мулоқоти Путин ва Трамп дар Аляска баргузор мешавад. Ёрдамчии Президенти Русия Юрий Ушаков гуфт, ки Президент Владимир Путин ва Доналд Трамп рӯзи 15 август дар Аляска вомехӯранд. Сарони давлатҳо имконоти ҳалли низоъи Русия ва Украинаро баррасӣ хоҳанд кард.

“Русия ва ИМА ҳамсояҳои наздиканд ва бо ҳам сарҳад доранд. Мантиқӣ ба назар мерасад, ки ҳайати мо танҳо аз ағбаи Беринг парвоз кунад ва маҳз дар Аляска чунин мулоқоти муҳим ва деринтизори роҳбарони ду кишвар баргузор шавад”- гуфт Юрий Ушаков ба хабарнигорон.

Тавре ки ёрдамчии Президент илова кард, манфиатҳои иқтисодии Русия ва ИМА дар Аляска ва Арктика ба ҳам мепайвандад:

“Худи Президентҳо бешубҳа ба муҳокимаи имконоти расидан ба ҳалли дарозмуддати сулҳ дар Украина тамаркуз хоҳанд кард”- гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ушаков, рӯзҳои наздик Маскав ва Вашингтон ба “тайёрии ҷиддӣ ба мулоқот” оғоз мекунанд.

Кремл инчунин вохӯрии дуюми Владимир Путин ва Доналд Трампро эълон кард. Ки ҷонибҳо мехоҳанд дар қаламрави Руссия гузаронанд. Ба гуфтаи Юрий Ушаков, Маскав аллакай дар ин маврид ба Вашингтон даъватнома додааст. Қаблан Доналд Трамп изҳор дошта буд, ки мулоқоти Ӯ бо Владимир Путин 15 август дар Аляска баргузор мегардад. Трамп гуфта буд, ки ИМА ба Русия ва Украина пешниҳод мекунад, ки баъзе қаламравашонро иваз кунанд. Ба гуфтаи ӯ, имзои созишномаи сулҳ дар моҳҳои оянда имконпазир аст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь