Кормандони пулису ОМОН-и рус замоне вориди маросими хурсандӣ шуданд, ки баранда суханронӣ мекард ва меҳмонон хӯрок мехӯрданд. Корманди ОМОН баландгӯро аз дасти барандаи маҳфил гирифта, мегӯяд, санадҳояшонро барои тафтиш омода кунанд.
Пулис дар хабарномааш гуфтааст, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва онҳо “амалиёти зидди маводи мухаддир” анҷом доданд. Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки аксари муҳоҷирон зодагони Ӯзбекистон будаанд.
Шеваи бархӯрди пулиси рус, ки бо сагу силоҳ вориди маҳфили шодӣ шуда, онро барҳам задаанд, аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сахт маҳкум шуда, ин ҳодисаро сатҳи баландӣ бераҳмӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия номиданд.
Аммо пулис гуфтааст, ки дар ин маҳфил 210 муҳоҷири хориҷӣ ҳузур дошт ва онҳо тафтиш карданд, ки ҳашт нафари онҳо ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ менамоянд.

Красноярск: Пулиси рус дар маҳфили арӯсии муҳоҷирони Осиёи Марказӣ
Блоки рекламавӣ


