Инҳо ҳамон муҳоҷироне буданд, ки барои иштирок ба консерти овозхони узбек Ҷалолиддин Аҳмадалиев рафтаанд ва дар толори он аз ҷониби пулиси рус боздоошт шуданд.
“Московский Комсомолетс” менависад, дар миёни афроди аз Руссия рондашуда, зодаҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Арманистон будаанд. Бо қарори додгоҳ барои онҳо панҷ сол омадан ба Руссия манъ аст.
Ёдрас мешавем, ки ҳафтае пеш дар толоре “ОМОН”-и Руссия вориди маҳфиле бо ширкати муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ шуд ва ба тафтиши онҳо шурӯъ намуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь