Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон хатмкардаи Академияи ФСБ – и Русия таъин шуд.
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров Адолат Оразбековро Котиби нави Шӯрои амнияти ҷумҳуриро таъин кард. “Фармони дахлдорро сарвари давлат 12 феврал имзо кард” – хабар медиҳад хадамоти матбуотии ӯ.
Гуфта мешавад, ки то ин таъин шуданаш Адолат Оразбеков аз моҳи декабри соли 2025 вазифаи нозири давлатии бахши мудофиа, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти идораи назорати иҷрои қарорҳои Президент ва Кабинети вазирони маъмурияти Президенти кишварро ишғол кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь