Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ корхонаи орди ба номи Маҷид Ҳафизовро ифтитоҳ намуданд.
Ин корхона аз ҷониби Корпоратсияи «Тоҷвар» бунёд шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 200 тонна коркарди ғалларо ташкил медиҳад.
Ғалла аз Ҷумҳурии Қазоқистон ворид гардида, қабл аз коркард дар озмоишгоҳи махсуси корхона мавриди ташхиси сифат қарор дода мешавад.
Барои таъмини мустақими воридоти ғалла, корхона ба хатти роҳи оҳан пайваст буда, дорои ду анбори муосири нигоҳдории ашёи хом бо ғунҷоиши умумии 50 ҳазор тонна мебошад.
Дар корхонаи орд ба номи Маҷид Ҳафизов 150 мутахассиси маҳаллӣ дар ду баст бо кор таъмин гардида, барои онҳо шароити муносибу муосири корӣ ва маишӣ фароҳам оварда шудааст.
Таҷҳизоту дастгоҳҳои истеҳсолӣ ҷавобгӯ ба стандартҳои муосир буда, раванди истеҳсолот аз коркарди ашёи хом то бастубанди маҳсулоти тайёр тавассути се хатти автоматии банду баст анҷом дода мешавад.

Корхонаи орд дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ
Блоки рекламавӣ


