16 октябр бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ба бунёди корхонаи нави саноатӣ санги асос гузошта шуд.
Тибқи иттилои масъулон корхонаи коркард ва банду басти меваи хушк бо номи “Фуд Агро Суғд” дар заминаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди соҳаи саноат бунёд меёбад. Дар асоси пешбинӣ корхона соли оянда ба истифода дода шуда, барои 100 нафар шаҳрванд ҷойи кори доимӣ фароҳам меорад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фуд Агро Суғд” инчунин нақша дорад дар шаҳри Конибодом дар масоҳати 500 гектар боғи нав бунёд намояд. Татбиқи ин ташаббус имконият медиҳад, ки ҷамъият бо истифода аз маҳсулоти ватанӣ раванди пурраи коркард ва бандубасти меваҳоро ба роҳ монда, маҳсулотро ба бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ барорад.Дар ин бора Хадамаоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.

Корхонаи нави саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”
Блоки рекламавӣ


