Дар ихтиёри Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 11 техника мавҷуд аст, ки аз он 3 ададаш коршоям буда, боқимондааш корношоям ҳастанд. Ҳамзамон ин корхона ба 8 коргари дигар эҳтиёҷ дорад.
Хуршед Намозов, роҳбари корхонаи мазкур афзуд, ки дар маркази ноҳияи 18 нуқтаи партов мебошад, ки тибқи реҷа ҳар ҳафта онҳо тоза карда мешаванд. Ӯ бо нигаронӣ гуфт, ки аз 11 техникаи дар ихтиёри корхонаашон буда, 9 ададаш аз кор баромадаанд. “Мо ба техникаи боркаш ва 8 нафар борбардори дигар сахт эҳтиёҷ дорем ва аз ин ҳисоб танқисӣ мекашем”-илова кард ӯ.
Иттилоъ дода шуд, ки Беморхонаи марказӣ, КАТС-и ноҳия, ҷамоати шаҳрак, Қасри фарҳанг ва МИҲД-и ноҳия аз корхонаи онҳо қарздор мебошанд.
Ба гуфтаи ӯ дар ҷамоати шаҳраки ноҳияи мазкур 2690 хоҷагӣ мебошад, ки корхонаи онҳо ба 1900 хоҷагиаш шарнома бастааст. Хуршед Намозов тозагии маркази ноҳияи Ҷомиро 70 дарсад баҳо дода афзуд, ки мо баҳри тозагии маркази ноҳия аз ҳама имкониятҳо истифода хоҳем кард.

Корхонаи коммуналӣ ба техникаи нав ва коргар эҳтиёҷ дорад
Блоки рекламавӣ


