Зимни сафари корӣ раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода дар деҳаи Хуррамободи деҳоти Хурмӣ коргоҳи хурди истеҳсоли биринҷро ифтитоҳ намуд.
Коргоҳи мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ва соҳибкор Ғоибназаров Ҳусниддин сохта шудааст.
Дар ин коргоҳи хурд бо насби таҷҳизоти гуногун нахуст шолӣ тоза карда, пасон биринҷ истеҳсол карда мешавад.
Дар ҷараёни боздиди раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иттилоъ дода шуд, ки коргоҳ метавонад дар як шабонарӯз бештар аз 2 тонна шолиро тоза ва биринҷ истеҳсол намояд.
Маҳсули ранҷи кишоварзони Хурмӣ, ки аз минтақаи асосии шолипарварии шаҳр аст, дар ҳамин гуна коргоҳҳо ба биринҷ табдил дода, ба харидорон пешкаш мешавад.
Ҳамчунин ҳар сол бо идомаи корҳои соҳилбандӣ даҳҳо гектар заминҳои соҳилӣ ба гардиши кишоварзӣ ворид намуда, дар онҳо низ асосан шолӣ парвариш мегардад.
Дар маҷмӯъ бо дастури Ҳукумати мамлакат мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли шолӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь