Дар доираи омодагӣ ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2025 оид ба футбол, дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дуюмин бозии санҷишии худро дар машқҳои дастаҷамъӣ дар шаҳри Дубай анҷом дод.
Дастаи Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Кореяи Ҷанубӣ бозии санҷишӣ доир намуданд. Бозӣ бо ҳисоби 5:0 бо пирӯзии Кореяи Ҷанубӣ ба анҷом расид.
30 октябр дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳамтоёни худ аз Мексика бозии дӯстон анҷом медиҳад.
Дар Ҷоми ҷаҳон-2025 мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «I» бо дастаҳои Чехия (5 ноябр), ИМА (8 ноябр) ва Буркина Фасо (11 ноябр) бозӣ мекунад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь