23-юми декабри соли 2025 марди 29-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми фаъолияти кориаш дар маркази дилхушии “Шоми-Баҳор”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун пешхизмат кор ва фаъолият мекард, дар дохили ҳуҷраи либосивазкунии маркази дилхушии мазкур бо мизоҷ марди 27-солаи сокини ноҳияи мазкур аз ҳиссиёти авбошӣ бо якдигар баҳсу муноқиша ва дашному суханҳои қабеҳ гуфта, аз ошхонаи маркази дилхушӣ як адад корди ошхонагиро гирифта якчанд маротиба ба аъзои бадани ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, ҷабрдида ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



