Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 27-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 25-уми декабри соли 2025 ҳангоми дар кӯчаи А.Қаҳҳорови ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо марди 54-солаи сокини пойтахт ҷангу ҷанҷол карда, бо корд се маротиба ба тарафи чапи қафаси синаи ҷабрдида зарба задааст.
Дар натиҷа, мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи вазнин мансуб мебошад.
Инчунин ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 19-уми декабри соли 2025 ҷавонони 20 ва 21-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми дар маҳаллаи Сабзикори ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, назди мағозаи хӯрокворӣ қарор доштанашон бо ҷавони 20-солаи сокини пойтахт муноқиша карда, якдигарро зери лату кӯб қарор дода, рафиқи ҷавони 20-сола ба муноқишаи онҳо ҳамроҳ шуда, ҷабрдидаро зери лату кӯб қарор додааст.
Гумонбаршаванда ба мағозаи хӯрокворӣ даромада аз онҷо 1-адад корди хоҷагиро гирифта, ба қафаси синаи чапи ҷабрдида як маротиба зарба задааст.
Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Мувофиқи санади судӣ-тиббӣ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ба дараҷаи вазнин мансуб мебошад.
Нисбати ҷавони 20-сола бо қисми 3 моддаи 237 ва ҷавони 21-сола бо қисми 2 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтишот идома дорад.

Кордзанӣ дар Душанбе
Блоки рекламавӣ


