Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини ноҳияи Зафаробод бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 16-уми январи соли 2026 дар ҳолати мастӣ дар маркази ҷамоати шаҳраки Меҳнатободи ноҳияи мазкур қарор дошта, аз ҳиссиёти авбошӣ аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ҷавони 23-солаи сокини ҳамин ноҳия ҷангу ҷанҷол намуда, тартиботи чамъиятиро вайрон карда, бо корди хоҷагӣ мусаллаҳ гашта, як маротиба қафаси синааш зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидаааст. Сипас бо воситаи корд ба чархи автомашинаи шахсии охирон тамғаи «Опел-Вектра» зарба зада, ба маблағи 250 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Кордбадаст дар ноҳияи Зафаробод
Блоки рекламавӣ


