Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 36-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони савдои одамон дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда моҳи сентябри соли 2025 ба боварии зани 33-солаи сокини шаҳри Ваҳдат даромада, бо ваъдаи таъмини ҷои кори сердаромад ба шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб бурда зери истисмори шаҳвонӣ қарор додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо иловаи 1 моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



