Назорату корбарии милитсияи шаҳри Конибодом вобаста ба пешгирӣ аз кирдорҳои зидиҳуқуқӣ имконият фароҳам овард, ки як ҳолати ташкили қиморбозӣ дар чойхона ошкор шавад ва нисбати нафарони ба чунин бозиҳои саргармкунандаи пешоварандаи хонавайронию ноумедӣ одат дошта шаҳрвандон:
– Усмонов Баҳодур Иномович, Зокиров Илҳом Икромович соли таваллудашон 1987; Абдуллоев Эҳсон Воҳидович, Мақсудов Фаррух Рустамович, Ҷӯраев Алишер Қаҳҳорович, Маллаев Дилшод Алибоевич, Каримов Манучеҳр Фозилович, соли таваллудашон 1986 ва Шарипов Азиз Абдукаримович, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандагонии шаҳри Конибодом таъсиррасонии ҳуқуқи татбиқ карда шуд. Зеро аён аст, ки чунин вобастагӣ роҳ ба суйи содир кардани ҷиноят шуда метавонад.
Кормандони оперативии шуъбаи ВКД дар шаҳри Конибодом дар чойхонаи “Пахтакор”, воқеъ дар кӯчаи Диловар Толибови шаҳри мазкур ҷамъияти қиморбозон иборат аз 8 нафарро саргарми бозӣ дарёфтанд.
Дар давраи қиморбозӣ иштирок доштагон сокинони маркази маъмурии шаҳри Конибодом мебошанд, ки бурди пулӣ онҳоро сарҷамъ кардааст. Ҳуқуқвайронкунандагон нишондод медиҳанд, ки бори аввал нест, ки давраи қиморбозӣ ташкил мешавад. Макони баргузорӣ асосан чойхонаҳо интихоб шуда, усули анъанавии бозӣ бо карта истифода мешудааст.
Нисбати иштирокчиёни давраи қиморбозӣ бо дастрасии талаботи моддаи 465 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб ва барои баррасӣ ба Суди шаҳри Конибодом ирсол карда шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь