Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 29-солаи сокини шаҳри Конибодом 19-уми октябри соли 2025, тахминан соати 04:00, дар ҳолати мастӣ дар хонаи истиқоматиашон нисбати апааш зани 36-сола ва фарзанди ноболиғи 16-солаи ӯ бе ягон асос суханҳои қабеҳ гуфта, як маротиба бо мушт ба сари апааш зада, бо истифодаи корд онҳоро таҳдиди куштан намуда, сипас кордро ба тарафи онҳо ҳаво додааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 120 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



