“Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шаҳри Конибодом қариб 90 километр роҳҳои дохилӣ мумфарш карда шудаанд” – хабар додааст Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.
Дар доираи корҳои мумфаршкунӣ бо иштироки роҳбари вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаи Ҳоҷӣ Содиқ бо дарозии 1000 метр ва паҳноии 6 метр оғоз гардид.
Дар иҷрои корҳои хайру савоб саҳми сокинону соҳибкорон назаррас мебошад. Дар саросари вилояти Суғд бо иқдому ташаббуси сокинон садҳо километр роҳи деҳаҳо мумфарш карда шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь