Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конфронси илмӣ-амалӣ буданд.
Роҳбарияти «Амонатбонк» иброз намуд, ки «имрӯз мо дар давраи тағйироти босуръати рақамикунонии ҳама соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат, ки барои тақвияти иқтисод ва фароҳамсозии дастрасӣ ба хизматрасонии молиявӣ зарур аст, қарор дорем. «Амонатбонк» ҳамчун институти молиявӣ дарк мекунад, ки дар ин марҳила таҳкими субот, бехатарии низомҳо ва муҳайёсозии замина барои навоварӣ ва дастгирии лоиҳаҳои рақамӣ афзалият дорад».
Дар конфронс намояндагони вазорату идораҳо, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти қарзӣ, ширкатҳои операторони мобилӣ ва ширкатҳои инноватсионии IT- технологияҳо дар мавзуъҳои «Тамоюли рушд», «Пардохтҳои ғайринақдӣ – яке аз заминаҳои асосии рушди иқтисоди рақамӣ», «Инноватсия дар заминаи Корти миллӣ:Tap to Phone қадами стратегӣ» ва «Иқтисоди рақамӣ ва инноватсия, дурнамои рушди он» маъруза карданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь