“Мо ӯҳдадор мешавем, ки баҳсҳои ояндаро тавассути ҳамкории дипломатӣ ва гуфтушунидҳо ҳал кунем, на бо истифода аз зӯр ё муноқишаи тӯлонӣ”, — гуфта мешавад дар эъломияе, ки роҳбарони чор кишвар, Амрико, Мир, Туркия, Қатар имзо кардаанд.
Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки сулҳи пойдор метавонад таъмин гардад, агар амнияти фаластиниҳо ва исроилиҳо кафолат дода шавад. Дар ҳамин ҳол, имзокунандагон эътироф мекунанд, ки Шарқи Наздик набояд аз низоъ ва “истифодаи интихобии шартҳои сулҳ” ранҷ кашад, гуфта мешавад дар эъломияи муштараки онҳо, ки аз ҷониби кохи Сафед нашр шудааст. Раҳбарони Амрико, Миср, Қатар ва Туркия рӯзи душанбе дар саммити Шарм-аш-Шайх созишномаи сулҳи Ғаззаро имзо кардаанд. Президенти Амрико Доналд Трамп онро “бузургтарин ва душвортарин созишнома” номид. Дар навбати худ, раҳбари Миср Абдул Фаттоҳ ас-Сисӣ созишномаи Ғаззаро як лаҳзаи таърихӣ гуфт. Саммит таҳти раёсати Президенти Миср ва ҳамтои амрикоии вай баргузор шуд. Ҳадаф ҳалли низоъ дар Ғазза, таҳкими талошҳо барои истиқрори сулҳ ва субот дар Ховари Миёна ва кушодани саҳифаи нави амният ва суботи минтақавӣ мебошад. Дар он зиёда аз 20 давлат, инчунин ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ иштирок мекунанд.

Кохи Сафед: Минбаъд баҳс фақат бо роҳи дипломатӣ бояд ҳал шавад
Блоки рекламавӣ


