Кохи сафед тасдиқ кард, ки Президенти Амрико Доналд Трамп рӯзи 30 октябр дар доираи ҳамоиш дар Осиё бо ҳамтои чинии худ Си Ҷинпин дар Кореяи Ҷанубӣ мулоқот хоҳад кард.
Мулоқоти Си ва Трамп чанд ҳафта дар ҳоли омодагӣ буд, аммо бо сабаби афзоиши идомаи танишҳо байни ду иқтисоди бузургтарини ҷаҳон зери шубҳа гузошта шуда буд.
Ин аввалин мулоқоти шахсии ҳарду роҳбар пас аз бозгашти Трамп ба курсии президентӣ хоҳад буд.
Трамп таҳдид кард, ки аз моҳи ноябр ба молҳои Чин 100% боҷи иловагӣ ҷорӣ мекунад, агар Чин маҳдудиятҳои шадиди содироти металлҳои нодирро бекор накунад.
Блоки рекламавӣ



