18 декабр дар шаҳри Душанбе лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додаанд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки лоиҳаи «Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегии мамлакат, аз ҷумла «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028» таҳия шудааст.
Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 17 сентябри соли 2025 зимни мулоқот бо кормандони мақомоти соҳаи ҳифзи муҳити зист супориш доданд, ки лоиҳаи Кодекси экологӣ дар нимсолаи якуми соли 2026 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ пешниҳод карда шавад.
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латифзода ва Ориф Амирзода зимни муаррифии лоиҳаи кодекси мазкур доир ба моҳияти қабули ин санад ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, онҳо иброз доштанд, ки қабули Кодекси экологӣ дар мамлакат сиёсати ягонаи давлатии экологиро бо назардошти равандҳои тағйирёбии иқлим муайян намуда, коҳиши гуногунии биологӣ, ҳифзи пиряхҳо, рушди иқтисоди «сабз», рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъиро таъмин менамояд.
Таъкид шуд, ки таҷдиди назар ба қонунгузории соҳаи экологӣ имрӯз ногузир буда, амалишавии ҳарчӣ зудтари он барои пешрафти иқтисодиёти давлат ва мустаҳкамгардии сиёсати давлатии экологӣ аҳамияти калон дорад.

«Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ шуд
Блоки рекламавӣ


