Баъди бозсозӣ Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба истифода дода шуд.
Китобхонаи мазкур дар доираи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва маблағгузории ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Ҷуръат” ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ пурра таъмиру азнавсозӣ гардид.
Дар натиҷаи ин бозсозии комил, китобхона ба як маркази муосири иттилоотӣ табдил ёфта, дар шӯъбаи нави автоматикунонии хизматрасонӣ 20 адад компютер бо дастрасии шабакаи интернет насб гардида аст. Инчунин 200 ҳазор китобҳои электронӣ барои хонандагон омода шуда, китобдорон метавонанд китобҳои заруриро тариқи системаи рақамӣ дарёфт ва истифода намоянд.
Масъулони соҳа изҳор доштанд, ки ин гуна лоиҳа бори аввал дар Тоҷикистон амалӣ гардидааст ва таҷрибаи он дар оянда барои китобхонаҳои дигар минтақаҳо низ татбиқ мегардад.

Китобхонаи ба номи Шоҳин ба истифода дода шуд
Блоки рекламавӣ


