Дар шуъбаи матбуоти даврии китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дар Суғд беш аз 50 номгӯи рӯзномаву маҷаллаҳо ҳастанд, ки ҳамарӯза хонандагон аз бастаи онҳо истифода мекунанд.
Муҳаббат Ҳусейнова, масъули шуъбаи матбуоти даврии китобхона, гуфт, айни ҳол дар шуъба ба 52 номгӯйи матбуоти чопӣ обуна аст ва он бо маблағгузории ҳукумати вилоят дастрас мегардад.
Дар бойгонии шуъбаи матбуоти давраии китобхонаи вилоятӣ матбуоти соли 1969 то ин дам маҳфуз аст.
Ба гуфтаи Ҳусейнова, ин, ки интернет фазои матбуотро танг кардааст, мутлақо хато буда, матбуоти чопӣ ҳеҷ гоҳ мавқеи худро гум намекунад ва аз даст ҳам нахоҳад дод. Агар воқеан ҳамин гуна мебуд, дар як рӯз дар ин тобистони гарм то 70-80 нафар ба шуъба муроҷиат намекарданд.
Айни ҳол, дар таътили тобистона, дар қиёс ба моҳҳои қаблӣ шумораи хонандагон дучанд зиёд шудааст. Дар шуъба тамоми шароит фароҳам аст.
Шуъбаи матбуоти даврии ин китобхона имсол 105-сола шуд. Дар ин китобхона 21 шуъба ва 9 филиал амал мекунанд.