Китобхонаи бо тарҳу намои муосир сохташуда аввалин иншооте буд, ки 23 октябр Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғара ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.
Иншоот бо ҳадафи тақвияти дониш ва иттилооти аҳолии деҳот, омӯзиши илмҳои замони муосир ва омодагии довталабон ба сабқатҳои зеҳнӣ аз ҷониби соҳибкор Ҷомии Абдураҳмон сохта шудааст. Дар китобхона 10 ҳазор адабиёти гуногун мавҷуд аст.
Ҳамкорӣ ва пайваст будан бо Китобхонаи миллии Тоҷикистон, китобхонаи фарҳанг, китобхонаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигар марказҳои илму дониш хазинаи адабиёти электронии китобхонаро ба зиёда аз як миллион баробар мекунад. Дар китобхона маркази забономӯзӣ низ кушода шуд, ки бо 18 компютери пайваст бо хатти интернет ва дигар аёниятҳои хониш муҷаҳҳаз мебошад.
Дар се синфхонаи барои 36 нафар пешбинишуда шароити муосири омӯзиши забон ва фанҳои дақиқ муҳайё карда шудааст.
Панҷ ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо муҳимтарин лавозимоти рӯзгор барои истироҳат ва будубоши омӯзгорон пешбинӣ шудааст.
Дар китобхона ва маркази омӯзиши забонҳо 12 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шудаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь