Кишоварзони ноҳияи Зафаробод соли ҷорӣ тасмим доранд, ки дар майдони 14 ҳазору 730 гектар пахта кишт намоянд.
6 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯз» дар маъракаи кишти пахта дар зери плёнка иштирок намуда, ба роҳбарияти ноҳия, раисони ҷамоатҳо, кишоварзон ва масъулини хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани кишти пунбадона ва гирифтани ҳосили баланд дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Зикр гардид, ки хоҷагии деҳқонии «Беҳрӯз» дорои 19 гектар замин буда, соли ҷорӣ дар ҳамаи он кишти пахта бо усули зери плёнка ба роҳ монда мешавад. Ба таъкиди мутахассисон, ин усул аз таҷрибаҳои пешрафтаи пахтакорӣ маҳсуб ёфта, хароҷоташ кам ва даромаднокиаш зиёд мебошад.
Зимни шиносоӣ бо нақшаи кишти зироатҳои кишоварзӣ барои соли 2026 иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Зафаробод кишти зироатҳо дар майдони 28 ҳазору 989 гектар ба нақша гирифта шудааст. Аз ин ҳисоб 18 ҳазору 291 гектарро кишти баҳорӣ ташкил медиҳад ва қисми асосии он ба пахта рост меояд. Ҳамзамон, зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгӣ, полезӣ, хӯроки чорво ва зироатҳои техникӣ низ мавқеи муҳим доранд.
Қобили зикр аст, ки кишоварзони ноҳия дар мавсими тирамоҳӣ дар майдони 5868 гектар гандуму ҷав кишт намудаанд, ки айни ҳол сабзиши онҳо хуб арзёбӣ мегардад.

Кишти пахта дар ноҳияи Зафаробод вусъат меёбад
Блоки рекламавӣ


