Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро пурра иҷро ва то имрӯз 18 ҳазору 287,1 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иттилоъ доданд, соли равон кишоварзони ноҳия дар 7505 гектар пунбадона кишт карда буданд.
Рушди соҳаи пахтакорӣ пас аз ҳадафи чоруми стратегии миллӣ эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аҳамияти боз ҳам бештар касб намуд. Барои таъмини корхонаҳои саноатии мамлакат бо ашёи хом, истеҳсоли пахта бояд сол ба сол зиёд гардад.
Зеро аз 1 тонна пахта вобаста ба навъ ба ҳисоби миёна 300-350 кило нах ва 560-580 кило тухмӣ гирифта мешавад. Аз ин миқдор нах 350-400 метри мураббаъ матоъ ва аз тухмӣ 100-120 кило равған, тақрибан 270 кило кунҷора ва 170 кило пасмондаи пӯсти чигит истеҳсол кардан мумкин аст.
Рушди соҳаи пахтакорӣ афзалияти зиёд дошта, ба рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат, хусусан саноат таъсири мусбат мерасонад. Барои гирифтани ҳосилнокии зиёд бояд аз таҷрибаи бисёрсолаи илмӣ истифода намуд.

Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нақшаи ҷамъоварии пахтаро пурра иҷро карданд
Блоки рекламавӣ


