Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) дар сомонаи расмии худ рӯйхати доваронеро, ки дар соли 2026 бозиҳои байналмилалиро ҳакамӣ мекунанд, нашр кард.
Дар ин рӯйхат шумораи ҳакамон аз Тоҷикистон 18 нафарро ташкил медиҳад. Ҳафт нафарашон довари FIFA, ҳашт кас ёвари довари FIFA ва ду нафар доварони FIFA дар риштаи футзал мебошанд.
Илова бар ин, чор довари тоҷик – Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова – ба рӯйхати расмии видеодоварони FIFA шомил гардида, ҳақ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ кунанд.
Блоки рекламавӣ



