“Дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон З.Т. И. бо гумони маблағгузории фаъолияти гурӯҳи ҷиноятӣ ва қонунигардонии (шустушӯи) маблағҳои бо роҳи ҷиноятӣ ба даст овардашуда, дастгир карда шуд” – хабар медиҳад хадамоти матбуотии КДАМ ҶҚ.
Тибқи маълумоти Кумитаи мазкур, боздоштшуда муддати тӯлонӣ хидматҳои боркашонӣ ва тозакунии гумрукии молҳои аз Чин ба қаламрави Қирғизистон омадаро пешниҳод мекард. Таҳти сарпарастии раиси собиқи Хадамоти гумруки ин кишвар М.М. Ж. эъломияи ғайриқонунии борҳоро дигар мекард ва ба саркашӣ аз пардохти гумрукӣ дар ҳаҷми махсусан калон мусоидат менамуд.
Боздоштшударо дар боздоштгоҳи муваққатии КДАМ ҶҚ нигоҳ медоранд . Тафтишот идома дорад.
Блоки рекламавӣ



