Дар баёнияи кумита, ки хабаргузории давлатии “Ховар” нашр кард, омадааст: “Рӯзи 18 январи соли 2026, тахминан соати 00:30 дақиқа чор нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар… минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии 7-уми «Хирманҷо» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз деҳаи Дарбандаки вулусволии Хоҳони вилояти Бадахшони Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Террористон ба амри сарҳадбонон оид ба таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Зимни гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар чор нафар террорист нобуд карда шуд.”
Аз маҳалли ҳодиса се автомати Калашников, туфангу тир ва телефонҳои ҳамроҳ ва қаиқ мусодира кардаанд, ки зоҳиран марзшиканон барои гузаштан аз он тарафи марз ба Тоҷикистон истифода бурдаанд.
Кумитаи амниятӣ миллӣ гуфтааст, ки барои таъмини амният дар марзи Тоҷикистону Афғонистон “минбаъд низ аз тамоми қувваю восита истифода намуда, ба сарҳадшиканон ҷавоби сазовори қонунӣ хоҳад дод.”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь