Дар Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонварии вилояти Суғд Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъбаст шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд, Мусобиқаи сеюми байналмилалӣ оид ба камонварӣ барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 6 то 9 октябр доир гардид.
Дар мусобиқаи бонуфузи сатҳи байналмилалӣ беш аз 100 нафар варзишгарон ва мураббиён аз Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Бангладеш ва Ироқ дар ду намуд — камонварии классикӣ ва камонварии муосир рақобат намуданд.
Блоки рекламавӣ



