Нашриёти «Орван»-и Теҳрон маҷмуаи ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоиро таҳти унвони «Каманди зулф» бо ҳуруфоти форсӣ аз чоп баровард, иттилоъ доданд аз Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ.
«Каманди зулф» бо тавсияи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба табъ расида, дар он шеърҳои эҷоднамудаи Шоири халқии Тоҷикистон Зулфия Атоӣ, ки ҷаҳони зани муосири тоҷикро бозгӯйӣ менамоянд, гирд оварда шудаанд. Ашъори маҷмуа фарогири мавзуъҳое, ба мисли Ватан, зан, ишқу муҳаббат ва зебоӣ мебошанд.
Маҷмуаи «Каманди зулф» бо сухани муқаддимавии Раиси Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ доктор Муҳаммад Ҳасан оғоз гардида, зимни он чунин гуфта шудааст: «Шеъри Зулфия Атоӣ- Шоири халқии Тоҷикистон садои занест, ки дилро дар оинаи ҷаҳон нигариста ва аз захмҳову шукуфаҳо ҷодуи тоза офаридааст. Вожагони ӯ чун парандае бар фарози солҳо пар мекушоянд; гоҳе насими ноз аст, гоҳе оташи фарёд ва ҳамеша ҳақиқатест, ки аз умқи ҷон бармеояд. Хондани ин дафтар қадам задан дар роҳравест, ки дар он ҳар байт чароғе рӯшан мекунад, ҳар шеър дасте бар шонаи инсон мениҳад ва ҳар калима занеро, ки дар ҷаҳон истодааст, бо қомати нур тасвир месозад».
Дар ин маҷмуа Зулфия Атоӣ бо забони равшан ва баёни самимӣ умедҳои мардумро дар қолаби шеърҳое саршор аз тасвир ва эҳсос бозтоб додааст. Ҳузури пурранги мафҳуми «зан» ҳамчун меҳвари ҳувият ва ишқ аз вижагиҳои барҷастаи ин китоб мебошад.
Доктор Алӣ Муҳаммадии Хуросонӣ-муҳаққиқи тоҷик дар навиштаи таҳлилие дар ин китоб кӯшидааст тасвири ҷомеъ аз масири шеърии ин шоир ва ҷойгоҳи ӯро дар шеъри муосири тоҷик нишон диҳад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь