Дастаи футболи “Кайрат” дар бозии ҷавобӣ дар даври сеюми интихобии Лигаи чемпионҳои УЕФА дар силсилаи пеналтиҳо дастаи “Слован” аз Словакияро мағлуб кард ва ба плей-оффи мусобиқа баромад.
Дар бозии аввал дар майдони худ, “Кайрат” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд, бинобар ин вазифаи асосӣ дар дидори ҷавобӣ нигоҳ доштани бартарӣ буд. Аммо ин кор муяссар нашуд: Аллакай дар дақиқаи сиюм Роберт Мак тӯбро ба дарвозаи Александр Зарутский фиристод. Вақти асосӣ, ба монанди вохӯрӣ дар Қазоқистон бо ҳисоби 1:0 ба анҷом расид. аз ин рӯ бозӣ аввал дар “овертайм” -ҳо ва сипас дар силсилаи задани зарбаҳои ёздаҳметра идома ефт, ки дар он футболбозони “Кайрат” бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд. Дар даври ниҳоии интихобӣ, ки алматиниҳо бори аввал дар таърих ба он роҳ ефтанд, бо “Селтик” аз Глазго, қаҳрамони амалкунандаи Шотландия вомехӯранд. Ғолиби ин бозӣ ба даври гурӯҳии Лигаи чемпионҳо роҳ меёбад ва дастаи мағлуб дар даври гурӯҳии Лигаи Аврупо бозӣ мекунад.