10 феврали соли 2026 Созишнома оид ба таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО оид ба «Таҳқиқоти об, таҳсилоти экологӣ ва рушди устувор» дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон аз ҷониби Директори генералии ЮНЕСКО Холид Эл-Анани ба имзо расид.
Тавре аз ин донишкада иттилоъ доданд, 12 феврал дар донишкада маросими расмии баимзорасонии созишнома аз тарафи ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ баргузор гардид, ки оғози фаъолияти расмии Кафедраи ЮНЕСКО дар доираи Барномаи UNITWIN/UNESCO Chairs ба ҳисоб меравад.
Дар маросим роҳбарияти донишкада ва ҳайати омӯзгорону муҳаққиқон иштирок намуданд. Зимни чорабинӣ аҳамияти рушди таҳқиқоти илмӣ, таҳсилоти экологӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва рушди устувор таъкид шуд.
Кафедраи ЮНЕСКО ба рушди таҳқиқоти байнисоҳавӣ, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ мусоидат мекунад.
Барои таъсиси Кафедраи ЮНЕСКО роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ЮНЕСКО–и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шарикони миллӣ ва байналмилалӣ изҳори сипос кард.

Кафедраи Юнеско дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон
Блоки рекламавӣ


