Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон дар садамае се нафар кушта ва чор тан захмӣ шудаанд. Ҳодиса рӯзи 22-юми сентябр дар роҳи деҳаи Кадучии ҷамоати Бобошоҳиён руй дод.
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон садамаро тасдиқ кардааст.
Ба навиштаи ВКД, нисфирӯзии 22-юми сентябр Наҷибулло Рустамзода, ронандаи 33-солаи “Тайота Камри” дар ҳудуди ҷамоати Бобошоҳиён “ба самти муқобил ҳаракат карда”, ба мошини Кароматулло Бурҳонов, ронандаи 27-солаи “Опел Астра” бархӯрд.
Дар ин ҳодиса, ронандаи “Опел Астра” бо ду мусофираш, Наргис Иброҳимоваи 30-сола ва Давлатбибӣ Забироваи 54-сола дар ҷои ҳодиса ҳалок шуданд. Чор мусофири дигари ин мошин, ки яке кӯдаки панҷсола буд, ҷароҳати сахт бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Парвандаро додситонии ноҳияи Восеъ тафтиш мекунад.

Кадучӣ: Се кушта ва чор захмӣ
Блоки рекламавӣ


