Кабк парандаи соли 2026 эълон гардид. Ҳамоишҳои экологӣ — тавзеҳотӣ ва иқдоми ҳифзи табиат, ки тамоми сол баргузор хоҳанд шуд, ба ин паранда бахшида мешаванд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар озмуни «Парандаи сол – 2026» аз байни 10 номинатсияи пешниҳодшуда бо гирифтани овозҳои бештар кабки зирак ҳамчун парандаи соли 2026 интихоб гардид.
Биноба иттилои манбаъ, озмуни «Парандаи сол» танҳо интихоби рамзи навбатӣ набуда, он барномаи муҳими маърифатӣ ва ҳифзи табиат мебошад.
Зимни ҷаласаи ҷамъбастии озмун иброз шуд, озмун имкон фароҳам меорад, ки ҷомеа дар бораи парандаҳо бештар маълумот пайдо намуда, ба табиат бо таваҷҷуҳи зиёд муносибат намоянд.
Кабк яке аз зеботарин парандаҳои табиати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар зиракию ҳушёрӣ нисбат ба дигар мурғони хушхон бартарӣ дорад. Дар бораи парвариш ва шикори кабк дар байни мардум донишу таҷрибаҳои зиёд мавҷуд аст. Ҳатто бовару эътиқод, ривоятҳои гуногуни фолклорӣ, инчунин расму одатҳои аҷибе нисбат ба кабк дар байни мардуми тоҷик роиҷ мебошанд.

Блоки рекламавӣ