Дар Тоҷикистон аз байни 10 парандаи пешниҳодгардида кабк «Парандаи сол-2026» интихоб гардид, иттилоъ додаанд аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ин тасмим дар озмуни «Парандаи сол-2026», ки ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ доир гардид, гирифта шуд.
Ҳадафи озмуни «Парандаи сол» тарғибу ташвиқи муносибати эҳтиромона нисбат ба табиат, зебоӣ ва муаррифии намудҳои гуногуни паранда ва нақши онҳо дар экосистемаҳо мебошад.
Кабк парандаи зебо ва хушовоз буда, ҷуссааш миёна, вазни кабки модина 350—550 грамм, болаш 142—162 милиметр, кабки нарина 450—750 грамм, болаш 157—175 милиметр мебошад. Рангаш ҷигарии равшан ва кабудтоб буда, дар паҳлуяш хатҳои кӯндаланги сиёҳ, сурхчаи тира ва сафед дошта, нӯлаш ва пойҳояш сурх мебошанд. Кабк асосан дар нишебиҳои санглохи кӯҳсор сукунат мекунад. Баъзан дар буттазори анбӯҳ ва дарахтзор низ вомехӯрад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон шуруъ аз соли 2008, яъне давраи аввали баргузории озмуни «Парандаи сол» парандагони гуногун, аз қабили мурғи ҳумо, ғози кӯҳӣ, кабки дарӣ, бум, зоғчаи кабуд, тазарв, лаклаки сафед, товусаки биҳиштӣ, мурғи ҳилоли тибетӣ, ҳудҳуд, шоҳин, фароштуруки деҳотӣ, шоҳуқоб, заргулдор, саъба, фохтак ва дуғдоғи зебо парандаи сол интихоб гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь