Зилзила соати 23:14 ба вақти маҳаллӣ,рух дод. Маркази зилзила ҳудуди Афғонистон буда, қувваи зилзила дар он 5 дараҷа, дар ноҳияи Ишкошими Бадахшони Тоҷикистон 3-4 дараҷа ва дар шаҳри Душанбе 2-3 дараҷа буд.
Заминларза хисорот ва талафони ҷонӣ дар пай надоштааст. Марказҳои зилзилашиносии ҷаҳон маркази ин заминларзаро кӯҳҳои Ҳиндукуш дар Афғонистон ва неруи онро 5,1 дараҷа гуфтанд.
Расонаҳои покистонӣ гузориш доданд, ки зилзила бархе аз минтақаҳои ин кишварро низ такон додааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь