28 – уми октябри соли 2025 дар километри 68-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, ҳудуди ноҳияи Варзоб садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи сабукрави тамғаи “Пикап фотон” рақами қайди давлатиаш 1656UU01 tj, ки ба шаҳрванд Нуруллои Маҳмасаид истиқоматкунандаи шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофиз қишлоқ тааллуқ дорад, ҳангоми ҳаракат ба самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ дучори садама гардид.
Бино ба гузоришҳо сабаби ин ҳолат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта аст. Дар натиҷа ин мошин ба ҷарии умқаш то 250-300 метр афтод.
Ҳангоми садама дар мошин ғайр аз ронанда як нафари дигар бо исми Шодибек Солеҳов, соли таваллудаш 2003, ки ӯ низ сокини шаҳри Ҳисор, деҳаи Ҳофизқишлоқ мебошад, менишаст.
Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, аз поён ин ду нафарро боло оварданд ва ба беморхонаи ноҳияи Варзоб расониданд.
дар роҳи интиқол ба бемористон ронанда, ки ҷароҳатҳои вазнин бардошта буд, фавтид. Аммо ҳамсафари ӯ бо ҷароҳатҳои сабуктар дар беморхона бистарист.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь