Санаи 24 сентябри соли 2025 дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ, деҳаи Сангистон мавзеи Лангар садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд.
Автомашинаи боркаши тамғаи “Дулан” рақами қайди давлатиаш 917АЕ07, ки ба ронанда Ғафуров Зафар соли таваллудаш 1980, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Сангвори ноҳияи Сангвор тааллуқ дошт, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Мастчоҳи Кӯҳӣ ба самти шаҳри Душанбе аз уҳдаи идора намудани автомашина набаромада, аз канори роҳ берун баромада, ба садама дучор гардидааст.
Ҳангоми гирифтани хабар наҷотдиҳандагони Кумита дар водии Зарафшони ноҳияи Айнӣ ба ҷои ҳодиса сафарбар гардида, ба воситаи асбобҳои махсуси буранда ронандаро аз дохили автомашина зинда бароварда, ба беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол доданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь