Дар нимсолаи аввали соли 2025 дар Тоҷикистон 222 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуд, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта 310 ҳодиса камтар аст. Нӯҳ  ҳодиса ба иқтисоди шаҳру ноҳияҳо 19 миллиону 665 ҳазору 300 сомонӣ зарари иқтисодӣ расонид. Дар нимсолаи аввали соли гузашта зарари иқтисодии расида аз офатҳои табиӣ  130 миллиону 663 ҳазору 500 сомонӣ буд.

Дар ин бора раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҷабалӣ Раҳмоналӣ хабар дод. Номбурда иброз дошт, ки дар ин шаш моҳ ҳафтоду ҳашт ҳодисаи омадани сел сабт шудааст.

Бар асари ҳодисаҳои фавқулода дар ин давра 6 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аз ҷумла бар асари лағзиши тарма се нафар, аз раъду барқ ду нафар ва дар заминларза (ноҳияи Рашт) як нафар ҷон бохтанд.

Дар нишасти матбуотӣ ҳамчунин гуфта шуд, ки дар ин шашмоҳа   наҷотдиҳандагони Кумита 379 маротиба ба ҷои офат рафта, ҳаштод нафарро аз ҳаргуна рӯйдоду ҳодисаҳои фавқулода наҷот додаанд.

Дар шашмоҳаи аввали соли равон дар обҳои кишвар 91 (соли 2024 – 86) нафар бар асари риояи накардаи қоидаҳои шиновариву оббозӣ ғарқ шудаву ҷон аз даст додаанд.

Барои таъмини бехатарӣ дар роҳҳо ва ағбаҳо, ҳамчунин таъмини амнияти ронандаҳо ва мусофирон дар давраи зимистони дастаи махсуси хадамоти наҷоти КҲФ дар минтақаи “Майхӯра” (километри шасту дуюми роҳи Душанбе Хуҷанд) ва нақби “Истиқлол” (километри ҳафтоду ду ) ҳамроҳ бо кормандони ширкати роҳи «Innovative Road Solutions LTD» навбатдории шабонарӯзӣ ташкил гардид. Дар ҷараёни ин навбатдориҳо 60 нафар (соли 2024 -160) ба маконҳои амн интиқол дода шуданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь