Бо даъвати Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба шаҳри Бағдоди Ироқ сафар кард.
Дар доираи ин сафар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Ироқ Абдул Латиф Рашид бо Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон Юсуф Раҳмон баргузор гардида, ҷонибҳо масъалаҳои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Ироқро дар самтҳои сиёсӣ ва амниятию ҳуқуқӣ баррасӣ карданд.
Зимни мулоқоти Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Мушовири амнияти миллии Ҷумҳурии Ироқ Қосим Ал-Аърачи масъалаҳои мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва маблағгузории он, пешгирӣ аз амалҳои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ ва дигар самтҳои амниятӣ низ муҳокима шуд.
Дар мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ масъалаҳои расонидани ёрии ҳуқуқӣ, вазъи маҳкумшудагон- шаҳрвандони Тоҷикистон дар зиндонҳои Ироқ, интиқоли маҳкумшудагон ва дигар мавзуъҳо баррасӣ гардиданд.

Юсуф Раҳмон дар Ироқ
Блоки рекламавӣ


